Иштироки собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон дар гузашти низомии Майдони сурхи шаҳри Маскав

Се нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомии идона рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ даъват шудаанд. Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боз ҳафт нафар собиқадорон аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок […]

Аваз Юлдошев



Се нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомии идона рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ даъват шудаанд.

Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боз ҳафт нафар собиқадорон аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.

Р.Қудратов қайд кард, ки ба аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 926 нафар собиқадорони ҶБВ иқомат доштанд. Ӯ хотиррасон намуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 270 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳимояи ватан сафарбар шуда, аз ҳар 4 нафари онҳо як нафарашон ҳалок шуданд. Аз Тоҷикистон 54 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 9 майи соли равон дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав доир гардида, яке аз бузургмиқёстарин чорабиниҳо дар таърихи муосири давлати Русия хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.