Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Парлумони Аврупо

Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва бо дастгирии бевоситаи Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шултс ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид. Ба гурӯҳи ташкилкунандагони чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ҳиндустон дар Брюссел, инчунин Намояндагии […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва бо дастгирии бевоситаи Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шултс ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид.

Ба гурӯҳи ташкилкунандагони чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ҳиндустон дар Брюссел, инчунин Намояндагии доимии ЮНЕСКО дар назди Иттиҳоди Аврупо шомил буданд.

Дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Брюссел, намояндагони доимии дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони Нерӯ, Шӯрои Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО, инчунин аъзоёни диаспораи тоҷикони муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург иштирок намуданд.

Аз номи ташкилкунандагон, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев, Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле ва Намояндаи доимии ЮНЕСКО дар Иттиҳоди Аврупо Сафир Мари Пол Рудил баромад намуданд.

Ба меҳмонони чорабинӣ хӯрок ва шириниҳои гуногуни миллии кишварҳои иштирокчӣ ва намоиши ашёҳои ананавии косибӣ пешниҳод карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.