Кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири мақомоти пулиси шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири героин дар автомашинаи сабукраваш боздошт намуданд.
Бино ба иттилои хабаргузории “
NewsRu
”, боздоштшуда ба сафи яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба паҳну фурӯши маводи мухаддир дар шаҳр ва вилояти Маскав шомил будааст.
«Кормандони пулис аз ба Маскав омадани як узви гурӯҳи қочоқбар аз Душанбе маълумот дастрас намуда, баъди ба майдони ҳавоии Маскав фуруд омадани ҳавоапймо аз Душанбе, ӯро таҳти назорати шабонарӯзӣ қарор доданд. Пас аз гирифтани як миқдори маводи мухаддир дар ҷойи таъиншуда, ин қочоқбар дастгир шуд. Маводи мухаддир дар халтаҳо гирифта шуда, зери мева дар мошини сабукрав пинҳон шуда буд. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 70 кило ва маблағи фурӯши он наздики 200 млн. рублро ташкил медиҳад», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.
Гуфта мешавад, айни замон қочоқбар ба ҳабс гирифта шуда, тибқи қонунгузории Русия, барои ин ҷиноят аз 15 соли зиндон то ҳабси абадӣ пешбинӣ шудааст.



