Нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Истамбул намоиши эътирозии ҷонибдорони созмони фаъолитяташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» доир гардид. Бино ба гуфтаи пешвои нави гурӯҳ Шарофиддин Гадоев, дар намоише, ки назди консулгарии генералии Тоҷикистион дар Истамбул баргузор шуд, беш аз 100 нафар гирдиҳам омадаанд.
Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо худ аскҳои бузурги пешвои кушташудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ҳамчунин соҳибкор Зайд Саидов ва адвокат Шуҳрат Қудратовро бо худ доштанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳкум шуданд. Аз ҷониби гирдиҳамомадагон шиору даъватҳои гуногун алайҳи ҳукуматдорони вақти Тоҷикистон, аз ҷумла президенти кишвар садо доданд.
Ба гуфтаи Гадоев, намоиш муддати 2 соат идома ёфта, ҳеҷ яке аз кормандони консулгарии Тоҷикистон назди онҳо набаромадааст. «То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, консул ва дигар кормандони консулгарӣ ҳанӯз то соати 11 биноро тарк гуфта, дигар ба ҷойҳои кори худ то ҳоло ҳозир нашудаанд», – гуфтааст пешвои тозаинтихоби «Гурӯҳи 24».
Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов
изҳор дошт
, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии
Hurriyet
, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар
ба хок супурда шуд.
Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.



