Таҳти назорат гирифтани пӯшидани ҳиҷоб дар шимоли кишвар

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 март бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои ҷудогонаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд машваратӣ корӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни машварат раиси шаҳр ба кормандони мақомоти интизомӣ, шуъбаҳои кор бо маҳаллаҳо, ҷавонон, занон ва умури дин оид ба пешгирии узвияти сокинони шаҳр ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгаро, […]

Баҳром Файзуллоев



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 март бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои ҷудогонаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд машваратӣ корӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни машварат раиси шаҳр ба кормандони мақомоти интизомӣ, шуъбаҳои кор бо маҳаллаҳо, ҷавонон, занон ва умури дин оид ба пешгирии узвияти сокинони шаҳр ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгаро, ҳамчунин ба бар кардани сарулибоси бегона барои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳиҷоб ва тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт бо сокинони маҳаллаҳо дастурҳои дахлдор дод.

Раиси шаҳр қайд кард, ки дар нуқтаҳои фурӯши сарулибос рейдҳои махсус гузаронидан зарур аст, то ки ба фурӯши сарулибоси эрониву афғонӣ роҳ дода нашавад.

Ба мудири шуъбаи корҳо оид ба дини мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади аз байн бурдани адои намоз тариқи нишондоди ҳаракати «Салафия» дар тамоми масҷидҳои намози ҷумъа назорати доимӣ ба роҳ монда шавад. «Адои намоз дар тамоми масҷидҳо бояд бар асоси мазҳаби ҳанафӣ анҷом дода шавад», – гуфт раиси шаҳр.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дастур дод, ки дар робита ба дуруст ба бар кардани сарулибоси хос ба анъанаҳои миллӣ бо занон вохӯриҳо гузаронида шаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши муҳими васоити ахбори умум, бахусус телевизион дар инъикоси масъалаҳои мазкур ҷалб намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд хабар медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.