Дастури Э.Раҳмон ба дипломатҳо бобати аз Яман хориҷ кардани шаҳрвандони кишвар

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араба, Кувайт ва Миср дастур додааст, ки барои аз қаламрави Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифташуда хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳои дастрас кор гиранд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араба, Кувайт ва Миср дастур додааст, ки барои аз қаламрави Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифташуда хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳои дастрас кор гиранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат дар дастураш таъкид намудааст, ки дар иҷрои ин кор сафирон бо ҳукуматдорони расмии давлатҳои дӯст ҳамкорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки барои аз қаламрави Яман  берун овардани шаҳрвандони худ Тоҷикистон


ҳамаҷониба тадбир меандешад.

Роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҷиҳати кӯчонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Санъо ва Аден фарзияҳо ва роҳу воситаҳои гуногун мавриди омӯзишу таҳия қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.