Агентии зиддифасод корманди КДАМ-ро боздошт намуд



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯи далели гирифтани пора ваколатдори фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Асадулло Шарифзодаро боздошт намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод дар ин робита иттилоъ дод, корманди боздоштшудаи КДАМ барои ҷалб накардани  шаҳрванд А.В. ба ҷавобгарӣ, аз ӯ ба сифати пора 5 ҳазор доллари ИМа талаб кардааст.

«Корманди КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА дар қаламрави кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт боздошт шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки бо супориши роҳбари тозатаъини Агентии зиддифасод Рустами Эмомалӣ аз 1 апрел ҳамаи кормандони Агентӣ аз санҷиш (аттестатсия)-и мувофиқат кардан ба мансаби ишғолкарда мегузаранд. 

spot_imgspot_img

Популярное