Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пагоҳ, 1 апрел ба Душанбе ташриф оварда, рӯзи дигараш дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон доир мегардад.
Зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе вазирони корҳои хориҷии Арманистон – Эдвард Налбандян, Беларус – Владимир Макей, Қазоқистон – Ерлан Идрисов, Қирғизистон – Эрлан Абдилдаев ва Русия – Сергей Лебедев ширкат варзида, ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии таҳдиду ситезаҷӯиҳои марбут ба он барои минтақаи фарогири амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ мешаванд. Дабири кулли СААД Николай Бордюжа роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар минтақаи масъули СААД ва мавзеъҳои ҳаммарзу наздик бо он маълумот медиҳад.
Ба ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви СААД дар Душанбе ҳамчунин раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, диектори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА Адам Кобератский ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирслав Енча низ даъват шудаанд.
Дар ҷаласаи мазкур тасдиқи Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои давраи соли 2015 – нимсолаи аввали соли 2016 дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.



