Яке аз даҳлезҳои марказии бинои СММ дар Венаро сӯзанӣ оро дод



Рӯзи 30 марти соли 2015 намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли Созмони Милали муттаҳид, мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена Юрий Федотов туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллиии мардуми кишварамон «Сӯзанӣ»-ро ба Шуъбаи  СММ дар Вена тақдим намуд.

 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин тӯҳфаи хотиравӣ нахустин бор яке аз даҳлезҳои марказии бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Венаро оро дод.

Гуфта мешавад, сӯзанӣ дар баробари тӯҳфаҳои миллии бархе аз кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нишонаест аз мардуми Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданият ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро муаррифӣ хоҳад кард.

Зимнан зикр мегардад, ки Юрий Федотов аз номи худ ва Дафтари СММ дар Вена барои ин тасмими наҷиби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

spot_imgspot_img

Популярное