Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти амалӣ намудани чораҳои оперативӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафарро дастгир намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти кофтукови шахсӣ аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухадири афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ дар шаҳри Панҷакент шаҳрвандеро дастгир намуданд, ки дар рафти кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаи селлофании дорои маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, се нафар дастгиршудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.



