АНМН се нафар нашъаҷаллобонро дастгир кард

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти амалӣ намудани чораҳои оперативӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафарро дастгир намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти кофтукови шахсӣ аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухадири афюн дарёфт ва мусодира карда […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти амалӣ намудани чораҳои оперативӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафарро дастгир намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти кофтукови шахсӣ аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухадири афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ дар шаҳри Панҷакент шаҳрвандеро дастгир намуданд, ки дар рафти кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаи селлофании дорои маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, се нафар дастгиршудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.