Оғози фаъолияти Маркази ташхисии муолиҷавии муосир дар Хуҷанд

Рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида,бо фаъолияти табибон шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ошно гардид. Гуфта мешавад, дар марказ 5 дастгоҳҳои ташхисии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида,бо фаъолияти табибон шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ошно гардид.

Гуфта мешавад, дар марказ 5 дастгоҳҳои ташхисии рақамии ультрасадо, ренген ва ғайра аз кишварҳои Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон насб карда шуда, ин намуди таҷҳизоти тиббии рақамӣ дар вилоят нахустин  ва аз ҷониби мутахассисони ҷавони баландихтиссос корбарӣ карда мешавад.

Дар Маркази ташхисии муолиҷавии «Тибби Аҷам» баробари ташхис ва 15 намуди муолиҷаи физеотерапевтӣ ҳамчунин беморони касалиҳои дарунӣ ва асаб муолиҷаи шабонарӯзӣ гирифта, барои ин 48 кати бемор бо тамоми шароитҳои муосир барои қабули эҳтиёҷмандон омода карда шудааст.

Барои бунёди ин марказ аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуда, муассисони ин табобатгоҳ Ёқубҷон ва Гуломҷон Ғаниевҳо мебошанд. Марказ дорои тамоми имконияти ташхисӣ буда, дорои ошхонаи худ низ мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо ин марказ барои бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ изҳори сипосмандӣ намуда, аз табибон ва кормандони он даъват намуд, ки ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, шахсони танҳо, собиқадорони меҳнат, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳ намуда барои онҳо имконият фароҳам оварда шавад.

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки давоми ду рӯзи аввали фаъолият маркази номбурда барои кулли мизоҷон хизматрасонии бепулро ба роҳ хохад монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.