Қисман қатъ шудани фаъолияти Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон

Корпоратсияи радиошунавонии бритониёии Би-Би-Сӣ (ВВС) аз имрӯз, 1 апрел фаъолияти бахши тоҷикии торнамои худро қатъ кард. Дар ин робита 7 нафар кормандони он ихтисор шуда, вобаста ба муҳлати кор дар хабаргузорӣ ба ҳар кадоме аз ин кормандон ҷубронпулиҳо пардохт карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар баёнияи худ Би-Би-Сӣ изҳор доштааст, ки қатъи фаъолияти хадамоти тоҷикии […]

ASIA-Plus



Корпоратсияи радиошунавонии бритониёии Би-Би-Сӣ (ВВС) аз имрӯз, 1 апрел фаъолияти бахши тоҷикии торнамои худро қатъ кард.

Дар ин робита 7 нафар кормандони он ихтисор шуда, вобаста ба муҳлати кор дар хабаргузорӣ ба ҳар кадоме аз ин кормандон ҷубронпулиҳо пардохт карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар баёнияи худ Би-Би-Сӣ изҳор доштааст, ки қатъи фаъолияти хадамоти тоҷикии хабаргузорӣ ва ихтисори кормандони он ба мушкилоти молии ширкат рабт дорад, вале ин маънои оно надорад, ки ширкат комилан Тоҷикистонро тарк мекунад. Барои инъиксои ҳодисаву рӯйдодҳо дар Тоҷикистон хабарнигорони хадамоти форсӣ ва русии Би–Би-Сӣ фаъолият хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, буҷети корпоратсия ба миқдори панҷ миллион фунт коҳиш ёфта, дар саросари ҷаҳон 105 кормандони хабаргузорӣ ихтисор шудаанд.

Рӯзноманигор ва аксбардори маъруф Муҳиддин Олимпур аввалин хабарнигори ин расона дар Тоҷикистон буд, ки соли 1995 аз дасти афроди мусаллаҳ ба қатл расонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.