Болоравии тарифҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Аз 1 апрел тарифҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 2% афзуданд. Ширкатҳои фароҳамсози алоқаи мобилӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз нашр дар ВАО-и расмӣ тағйирот ба Кодекси андоз оид ба афзоиши меъёрҳои андози аксизӣ аз 3 то 5% мавриди амал қарор гирифтанд. Дар торнамои расмии ширкатҳои Tcell, Beeline ва Megafon-Точикистон дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Аз 1 апрел тарифҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 2% афзуданд. Ширкатҳои фароҳамсози алоқаи мобилӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз нашр дар ВАО-и расмӣ тағйирот ба Кодекси андоз оид ба афзоиши меъёрҳои андози аксизӣ аз 3 то 5% мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар торнамои расмии ширкатҳои Tcell, Beeline ва Megafon-Точикистон дар мавриди ин масъала зикр мегардад, ки аз 1 апрели соли 2015 тамоми навъи хизматгузориҳои операторони мобилӣ ба ҳисоби миёна 2% афзудаанд, яъне бо назардошти болоравии меъёри андози аксизӣ.

Ёдрас мекунем, ки аксиз ба алоқаи мобилӣ дар Кодекси андози Тоҷикистон соли 2011 ба андозаи 3% муқаррар шуда буд. Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон вазири молияи онвақтаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуда буд, ки ҷорӣ гардидани андози аксизӣ ба хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дахл намекунад. «Даромади ҳамасолаи тамоми ширкатҳои мобилӣ дар кишвар 1 млрд. 800 млн. сомонӣ (беш аз 400 млн. $)-ро ташкил медиҳад ва андози иловагиро операторон аз ҳисоби даромадҳои худашон пардохт мекунанд», – гуфта буд вазир ва илова намуда буд, ки аз ҷорӣ шудани ин андози аксизӣ ба буҷети ҷумҳурӣ  30 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ворид мегардад.

Пас аз гузашти се сол вакилони парлумон афзоиши андози аксизӣ барои операторони алоқаи мобилӣ то миқдори 5%-ро маъқул шумориданд.

Роҳбари Ассотсиатсияи операторони мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки афзудани тарифҳо чораи маҷбурӣ аст, зеро танзимкунанда зимни муайян кардани арзиши алоқа тағйири қурби асъор, нархи нерӯи барқ, арзиши пардохти маблағи иҷора ва арзиши аслии зангро ба инобат мегирад.

«Болоравии тарифҳо метавонад ба кам шудани таваҷчуҳ ба ин бозору истифода аз хизматгузориҳои он ва ҳамчунин коҳиши ҷойҳои кориву кадрҳо боис гардад. Ҳамчунин аз афзудани тарифҳо нисбат ба шаҳрҳои бузург минтақаҳои дурдаст ба мушкилиҳо дучор мешаванд, зеро ба хизматгузориҳо барои шаҳрҳои бузург  дастрасӣ карда наметавонанд. Ба ҳама гуна навъҳои хизматгузорӣ андози аксизӣ пардохт мегардад», – гуфт Иркаев.

Тибқи маълумоти ахир, дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон беш аз 8 млн. нафарро ташкил медиҳад, шумори муштариёни операторони мобилӣ ба 10 млн. нафар расида, ҳудуди 6 млн. нафар муштариён фаъол мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.