Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 40-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лабораторияи пинҳониро барои истеҳсоли героин ташкил намуда, ба хариду фурӯш ва интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, инчунин ба Покистон машғул мебошад.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Афғонистон огоҳ гардида, полиси Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қарор намуд, ки барои нобуд сохтани лабораторияи пинҳонӣ дар ҳудуди қарияи Озумгули вилояти Бадахшон амалиёт гузаронад.
Гуфта мешавад, дар рафти амалиёт соҳиби лаборатория ва ҳаммаслаки ӯ аз тарафи кормандони полис дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷои амалиёт лабораторияи пинҳонӣ ошкор гардид, ки дар он ҷо 135 кг маводи нашъаовари афюн, 31 литр кислотаи хлориди аммоний, таҷҳизоти махсус барои коркарди афюн мавҷуд буд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз тарафи кормандони полиси Афғонистон чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо истеҳсоли героин машғул буданд, идома доранд.



