Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи Исфара меафзояд



Шумори аҳолии ба Сурия сафаркардаи ҷамоати Чорқишлоқи шаҳри Исфара меафзояд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, агар моҳи октябри соли гузашта 20 сокини ҷамоат дар Сурия ҳузур дошта буданд, пас айни замон шумори онҳо ҳадди ақал то 30 нафар расидааст.

Сармутахассиси шуъбаи умури дини ҷамоати Чорқишлоқ Мубашир Мирзохӯҷаева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи март боз ду тан аз сокинони ҷамоат ҷиҳати иштирок дар даргириҳои Сурия ба ин кишвар рафта, аз аҳолии 5-ҳазорнафараи ҷамоат 7 ноболиғ, 5 нафар занон ва 20 нафар мардон дар Сурия қарор доранд, ки тибқи баъе маълумот, ду нафари онҳо ҳалок шудаанд.

«Вале ин маълумоти саҳеҳ нест. Аксари муҷоҳидони маҳаллӣ худро ҳалокшуда эълон мекунанд, то ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба оилаи онҳо барои бозпурсии аҳли оилаву наздиконашон нараванд», – ибрз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, ҳар ҳафта дар намози ҷумъа имомахатибон ба ҷавонон моҳияти ҷиҳодро шарҳ дода, ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин ва мақомоти ҳукумати маҳаллӣ бобати ин масъала бо онҳо вохӯриву суҳбатҳо мегузаронанд.

spot_imgspot_img

Популярное