Дастури Э.Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба пешгирии офатҳои табиӣ



Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба хусус кишти пахта ва сабзавот, корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ободонӣ мавриди таваҷҷуҳи асосии арвари давлат қарор гирифт.

Гуфта мешавад, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ, дар назди шахсони масъули номбурда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное