Зимни вохӯрӣ бо иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев изҳор намудааст, ки кишвараш ба кумак расонидан ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ омода аст.
«Ман огаҳам, ки шумо чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро гузаронидед. Мо ба иҷрои қарорҳои он ҷо қабулшуда омодаем. Баҳри кумак ба Тоҷикистон – ҳамсоякишвари худ омодаем. То ҷое ман огаҳӣ дорам, Русия ҳам аллакай кумаки назаррас ваъда кард», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ бо истинод ба гуфтаҳои президенти Қирғизистон.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар он мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ, аз ҷумла масъалаи муқовимат бо таҳдидҳои терроризми ифротгароӣ аз ҷониби гурӯҳҳои шомил ба «Давлати исломӣ» баррасӣ шуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҷумла изҳор намуда буд, ки Душанбе ба таҳдидҳои афзоишёбанда «аз самти ҷануб дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистон дучор мешавад, ки дар баробари гурӯҳҳои маъмулан ифротгарои дар он ҷо ҳузурдошта (бо шумули «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида»), имрӯз аллакай «Давлати исломӣ» ҳам ҳузур пайдо кардааст».



