Боз як дастоварди Расул Боқиев пас таваққуфи тӯлонӣ

Date:



Дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба дзюдо, варзишгари тоҷик Расул Боқиев пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба иштирок дар мусобиқаҳо шурӯъ намуд.

Дар мусобиқа бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҷмааи варзишии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав ӯ дар вазни 90 кило мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ ба рақибаш аз Маскав Сергей Попов дастболо шуд.

Гуштигири тоҷик Расул Боқиев Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, дорандаи медалҳои биринҷӣ оид ба дзюдо дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро-2007, ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 аст. Ӯ 2 марти соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи гуштигири маъруфи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...