Боз як дастоварди Расул Боқиев пас таваққуфи тӯлонӣ

Дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба дзюдо, варзишгари тоҷик Расул Боқиев пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба иштирок дар мусобиқаҳо шурӯъ намуд. Дар мусобиқа бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҷмааи варзишии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав ӯ дар вазни 90 кило мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ ба […]

Сайфиддин Қараев



Дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба дзюдо, варзишгари тоҷик Расул Боқиев пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба иштирок дар мусобиқаҳо шурӯъ намуд.

Дар мусобиқа бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҷмааи варзишии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав ӯ дар вазни 90 кило мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ ба рақибаш аз Маскав Сергей Попов дастболо шуд.

Гуштигири тоҷик Расул Боқиев Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, дорандаи медалҳои биринҷӣ оид ба дзюдо дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро-2007, ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 аст. Ӯ 2 марти соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи гуштигири маъруфи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.