Баррасии созишномаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳолатҳои фавқулода

Созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати тасдиқ ба баррасии ҷаласаи Сенати Қазоқистон пешниҳод шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сенати Қазоқистон, созишномаи мазкур ба фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқи барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, огаҳиву пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода […]

ASIA-Plus



Созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати тасдиқ ба баррасии ҷаласаи Сенати Қазоқистон пешниҳод шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сенати Қазоқистон, созишномаи мазкур ба фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқи барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, огаҳиву пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода нигаронида шудааст.

Дар созишнома мақомоти ваколатдор, шаклҳои ҳамкорӣ навъҳои кумак, тартиби расонидани кумакҳои мутақоибла ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак муайян шуда, ғайр аз ин, меъёрҳои тартиби мавриди амал қарор гирифтани созишнома, мавридҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, ҳолатҳои ҷуброни хисорот ва ҳалли баҳсҳо пешбинӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, тасдиқи созишнома ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои манфии ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави ҳарду кишвар ва ҳамчунин рушд ва такмили минбаъдаи фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳандаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.