Имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбе ва Бангкок

Date:



Рӯзи 7 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд Олиҷоҳ Маҳа Чакри Сириндҳорн, ки 6 апрел бо боздиди шиносоӣ озими Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифта, дар ин робита ҷонибҳо аҳамияти ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии мустақим байни Душанбе ва Бангкокро таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related