Дар Туркия 12 нафар хориҷиён, аз ҷумла
шаҳрванди
Тоҷикистон боздошт шуданд, ки нияти сафар ба Сурияро доштанд.
Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар Анқара, миёни боздоштшудагон 7 нафарашон шаҳрвандони Русия, 2 тан шаҳрвандонии Ҷумҳурии Косово, 1-нафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Швейтсария ва Сурия мебошанд.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар изҳороти губернатории музофоти Газиантеп дар ин робита зикр мегардад, ки ин афрод кӯшиш доштаанд, ки «тариқи қаламрави Туркия ғайриқонунӣ ба манотиқи низоъҳои Сурия ворид шаванд» ва ба нияти пазируфтан узвияти «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешаванд.
«Барои анҷоми расмиёт дар чаҳорчӯби қонун дар бораи хориҷиён, ҳимояи байнулмилалӣ ва истирдоди минбаъда, онҳо ба ихтиёри шуъбаи кор бо шаҳрвнадони хориҷии Раёсати амният супурда шуданд», – омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.


