Х.Атовулло: Ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати сомонаҳои мо қодир аст

Имрӯз дар маросими рӯнамоии китобчаи «Амнияти рақамӣ барои журналистон» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар мавриди масъалаи мазкур изҳор намуд, ки амнияти рақамии сомонаҳои Тоҷикистон дар чунин ҳолате қарор доранд, ки ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати онҳо қодир аст. «Имрӯз аксари сайтҳои мо бо чунин сатҳҳои оддии ҳимоя сохта шудаанд, ки 1 хакер метавонад […]

Аъзам Аҳруллоев



Имрӯз дар маросими рӯнамоии китобчаи «Амнияти рақамӣ барои журналистон» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар мавриди масъалаи мазкур изҳор намуд, ки амнияти рақамии сомонаҳои Тоҷикистон дар чунин ҳолате қарор доранд, ки ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати онҳо қодир аст.

«Имрӯз аксари сайтҳои мо бо чунин сатҳҳои оддии ҳимоя сохта шудаанд, ки 1 хакер метавонад онҳоро шикаставу ба тахрибкорӣ даст занад. Ҳамчунин дар мо мутахассисони соҳибкасбу варзидае, ки ба таҳияи хушсифати торнамоҳо қодиранд, хел каманд ва агар бошанд ҳам, барои кори худ маблағи хеле зиёд талаб мекунанд», – қайд кард Х.Атовулло.

Директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» Муҳаммадӣ Ибодуллоев зимни посух ба саволҳои журналистон тавсия дод, ки ҳар ду моҳ рамз (парол)-ҳои аккаунти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суроғаҳои почтавиро мебояд иваз намуд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон мутахаасисони соҳибкасберо метавон пайдо намуд, ки сомонаҳои шуморо аз ҳамлаи хакерҳо ҳимоя карда метавонанд, вале ҳамааш ба он вобаста аст, ки шумо вақти бунёди сомона назди онҳо чӣ вазифа гузоштаед. Ҳамчунин дар ҳамаи аккаунтҳо рамзҳои якхела гузоштан лозим набуда, ҳар ду моҳ рамзҳоро иваз кардан зарур аст. Ин амнияту маҳфуз мондани маълумоти шуморо таъмин хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер