Пас аз баҳси якмоҳа узви ҲСДТ аз толори суд озод карда шуд

Узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Фирдавс Соҳибназаров пас аз баҳси якмоҳа рӯзи 10 апрел аз толори суд озода карда шуд. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров маълумот додааст. Р.Зойиров хотиррасон мекунад, ки номзадии Фирдавс Соҳибназаров дар асоси мактуби прокуратураи генералии ҶТ аз 31 январи соли 2015 аз ҷониби КМИР ҶТ рӯзи […]

ASIA-Plus



Узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Фирдавс Соҳибназаров пас аз баҳси якмоҳа рӯзи 10 апрел аз толори суд озода карда шуд. Дар ин бора дар

саҳифаи фейсбукиаш

раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров маълумот додааст.

Р.Зойиров хотиррасон мекунад, ки номзадии Фирдавс Соҳибназаров дар асоси мактуби прокуратураи генералии ҶТ аз 31 январи соли 2015 аз ҷониби КМИР ҶТ рӯзи 2 феврали соли 2015 аз рӯйхати номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хориҷ карда шуда, рӯзи 3 феврал аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон дастгир карда шуда буд.

«Фирдавс Соҳибназаров ҳамин давра аз ҳавзаи якмандатии Ҷомӣ ҳамчун номзад пешниҳод шуда, дар асоси мактуби прокуратураи вилояти Хатлон ӯро ба қайд нагирифта буданд», – менависад раиси ҲСДТ.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбати узви ҲСДТ Фирдавс Соҳибназаров, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷомӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд,

парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 31 март доиргардида тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 нафар номзадҳои ҲСДТ иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот ҲСДТ ҳамагӣ 18 ҳазору 875 ё худ 0,5%-и овозҳои интихобкунандагонро касб намуда, ягон узви ҳизб ба ҳайати парлумони даъвати нав роҳ наёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.