Ҳалокати 11 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз оғози нооромиҳо дар Сурия

Аз оғози нооромиҳо дар Сурия 11 ҳазор нафар наврасон ҳалок шуданд. Бино ба иттилои сомонаи шабаакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон вобаста ба нооромиҳо дар Сурия кӯдакону наврасон аз таҳсил маҳрум монда, барои дарёфт кардани воситаҳои ҳаёт ба корҳои ғайр ҷалб карда мешаванд. Аксари кӯдакону наврасон бар асари низоъҳои дохилӣ волидайни худро аз даст дода, барои […]

ASIA-Plus



Аз оғози нооромиҳо дар Сурия 11 ҳазор нафар наврасон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи шабаакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», айни замон вобаста ба нооромиҳо дар Сурия кӯдакону наврасон аз таҳсил маҳрум монда, барои дарёфт кардани воситаҳои ҳаёт ба корҳои ғайр ҷалб карда мешаванд. Аксари кӯдакону наврасон бар асари низоъҳои дохилӣ волидайни худро аз даст дода, барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ оворагардӣ менамоянд.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол як гурӯҳ пажӯҳишгарони бритонӣ маълумоте мунташир намуданд, ки тибқи он аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳол қариб 11 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба ҳалокат расидаанд.

Буҳрони сиёсии Сурия, ки зиёда аз 4 сол боз идома дорад, аз рӯйи тахмини СММ дар пайи худ садҳо ҳазор қурбонӣ дошт. Бино ба маълумоти дафтари СММ оид ба муҳоҷирон 9 млн. 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Сурия, ки 40 дарсади шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ба кумакҳои хориҷӣ эҳтиёҷ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.