Баррасии роҳҳои татбиқи амалии мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистону Корея

Рӯзи 12 апрели соли 2015 дар ҳошияи  Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Юн Бён-Се баргузор гардид. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ба роҳҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое , ки дар натиҷаи музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Корея 12 апрели […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12 апрели соли 2015 дар ҳошияи  Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Юн Бён-Се баргузор гардид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ба роҳҳои татбиқи амалии

мувофиқаҳое

, ки дар натиҷаи музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Корея 12 апрели соли ҷорӣ дар Тегу ҳосил шуданд ва ба тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои баргузории машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карданд. Ба фаъол намудани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва ҷалби намояндагони бахши хусусии ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд алоқамандии ҳар ду ҷониб баён гардид. Дар ин росто зарурати дар наздиктарин фурсат таъсис додани Кумитаи муштарак барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея таъкид карда шуд.

Ҳамчунин дар атрофи ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи СММ ва Форуми ҳамкории «Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ» табодули назар сурат гирифт.

С.Аслов ба ҳамтои худ оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.

Юн Бён-Се ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи кишварашро дар Конфронси байналмилалии Душанбе тасдиқ намуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.