«Истиқлол» дар зинаи аввали гурӯҳи «С»-и мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё

Бозии даври чоруми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё (КФО) миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии пойхтахт бо ғлабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии «Ҷаҳоннамо», дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар дақиқаҳои 54 ва 64-ум Нуриддин Давронов ва Манучеҳр Ҷалилов тавонистанд, ки ду дафъа дарвозаи […]

ASIA-Plus



Бозии даври чоруми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё (КФО) миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии пойхтахт бо ғлабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии «Ҷаҳоннамо», дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар дақиқаҳои 54 ва 64-ум Нуриддин Давронов ва Манучеҳр Ҷалилов тавонистанд, ки ду дафъа дарвозаи меҳмононро рахна намоянд.

Гуфта мешавад, Нуриддин Давронов тӯбро аз зарбаи 11-метра пас аз пой афтонидани Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвоза намуда, Манучеҳр Ҷалилов пас аз партофти капитани даста Дилшод Восиев муаллифи голи дуюми вохӯрӣ шуд.

Ҳамин тариқ то анҷоми ин сабқат натиҷаи бозӣ бетағйир боқӣ монда, дастаи «Истиқлол» бо ин пирӯзӣ шумораи холҳояшро дар гурӯҳи «С» бо «Ал- Қодсия» баробар, яъне 7-то намуда ва ба мақоми аввал баромад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.