Дар семоҳаи аввали соли равон бар асоси дархости расмии 13 субъекти хоҷагидории Тоҷикистон мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ба 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон иҷоза додаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор дар Тоҷикистон иҷозаи расмӣ дастрас кардаанд, 738 нафарашон – шаҳрвандони Чин, 100 нафар – шаҳрвандони Ветнам, 26 нафар – шаҳрвандони Туркия, 9 нафар – шаҳрвандони Юнон, 3 нафарӣ – шаҳрвандони Қирғизистону Миср, 6 нафар – шаҳрвандони Эрон, 2 нафар – шаҳрвандони Украина ва 1 нафар – шаҳрванди Ӯрдун мебошанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар субъектҳои хоҷагидории дар боло зикршуда ҳудуди 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули коранд.



