Поёни ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба Яман

Намояндаи расмии неруҳои эътилоф бо роҳбарии Арабистони Саудӣ дар хусуси анҷом ёфтани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Ал-Ҳаусӣ» дар Яман изҳорот дод. Бино ба иттилои торнамои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар ивази амалиёт гуфтушуниди сиёсӣ барои ба эътидол овардани вазъият ба роҳ монда мешавад, аммо дар сурати пеш омадани зарурат, ин тадбири муҳими низомӣ […]

ASIA-Plus



Намояндаи расмии неруҳои эътилоф бо роҳбарии Арабистони Саудӣ дар хусуси анҷом ёфтани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ бар зидди силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои «Ал-Ҳаусӣ» дар Яман изҳорот дод.

Бино ба иттилои торнамои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар ивази амалиёт гуфтушуниди сиёсӣ барои ба эътидол овардани вазъият ба роҳ монда мешавад, аммо дар сурати пеш омадани зарурат, ин тадбири муҳими низомӣ дубора рӯйи даст гирифта хоҳад шуд.

Намояндаи неруҳои эътилоф Аҳмад Асирӣ иқрор шудааст, ки хатми марҳалаи аввали мубориза бар зидди ин созмони ифротгаро маънии пурра ба охир расидани онро надорад, аз ин хотир дар навбати дуюм ба сиёсатмадорон имконият дода мешавад, ки бо роҳи гуфтушунид барои ба эътидол овардани вазъият дар минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Гуфта мешавад, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон бар асари ду амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Яман беш аз 40 нафар ба ҳалокат расид, ки бештари онҳо сокинони осоишта буданд. Дар музофоти Ибб бошад, дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ пули мошингузар хароб гардид. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми мушакборон тавассути пул даҳҳо автомобил гузар мекард. Зарбаи дигари ҳавоӣ ба минтақаи аҳолинишини Харад, ки бо Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст, анҷом дода шуд.

Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол дар шаҳри Таиз миёни ҷангиёни «Ал-Ҳаусӣ» ва ҷонибдорони президент Абдураббу Мансур Ҳодӣ задухӯрди таслиҳотӣ сурат гирифт. Воҳидҳои низомии давлатҳои эътилоф то ҳол роҳи баҳриро дар ихтиёр доранд, то ба силоҳбадастони ифротгаро яроқу аслиҳа дастрас карда нашавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.