Ҷустуҷӯи «соҳибкор»-и машғул ба фурӯши иҷозатномаи ришмониву ҳиҷобпушӣ дар Тоҷикистон

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд. Дар сомонаи расмии Кумита дар ин робита зикр мегардад, ки […]

Аваз Юлдошев



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар дархост кардааст, ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.

Дар сомонаи расмии Кумита дар ин робита зикр мегардад, ки «ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумита дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд».

«Кумита аз сару садоҳои рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди “ситонидани андоз барои риш ва ҳиҷоб” бамиёномада изҳори нигаронӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки чунин иқдом ҳаргиз аз ҷониби Кумита сурат нагирифтааст», – изҳори ташвиш мешавад дар хабари сомонаи Кумита.

Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати дучор омадан бо чунин ашхос ба Мақоми ваколатдор оид ба дин – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ муроҷиат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.