Оғози корҳои навсозии роҳи мошингарди Мастчоҳ – Спитамен



Дар доираи идомаи соли роҳҳои обод бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Мастчоҳ – Спитамен оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо мардуми ин минтақа А.Қодирӣ изҳор дошт, ки эълон гаштани соли 2014 ҳамчун соли роҳҳои обод имконият фароҳам овард то ҳолати 2830 км роҳ беҳтар карда шавад.

Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар вилояти Суғд идомаи соли роҳҳои обод эълон гашта, беҳсозии ҳолати зиёда аз 3 ҳазор км роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар доираи соли роҳҳои обод роҳи Бустон – Майдончаи комсомол, ки зиёда аз 20 километрро ташкил медиҳад  аз таъмир бароварда шуда, барои равуои сокинон шароити мусоид фароҳам омад.

Ҳамакнун дар идомаи ин тадбири муҳим роҳи аз Майдончаи комсомол то сарҳади ноҳияи Спитамен, ки масофаи умумии он 17 километрро ташкил менамояд, аз таъмири куллӣ бароварда хоҳад шуд.

Корхои роҳсозиро ҶДММ «Суғдроҳ» ба уҳда дошта, барои ин техникаҳои зарурӣ ва мутахассисони соҳа ҷалб карда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное