Аввали ҳафтаи равон дар Исломобод вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири давлатии энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Обид Шер Алӣ доир гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи энергетика табодули назар карданд.
Зимни вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири федеролии тиҷорати Покистон Хуррам Дастгир Хан ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро, ки матни он барои тақвияти тиҷорат дар минтақа дар доираи ҷаласаҳои коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст, таъкид карданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.



