Нимаи дуюми рӯзи 8 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ва гузашти низомӣ бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба ба Маскав раҳсипор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо президенти Ветнам Чионг Тан Шанг дидору гуфтушунид карданист.
Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Ветнам доир мегардад, баррасии маҷмӯи васеи масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафйн дар назар аст.
«Айни замон ҳамчунин масъалаи имкони баргузории вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав низ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.



