Ҳалокати «шаҳид»-и тоҷик дар вилояти Брянск



Дар вилояти Брянски Русия «шаҳидоне», ки ба идҳои моҳи май амали террористӣ омода мекардаанд, зимни инфиҷор дар автомашина ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон русиягиҳои исломро пазируфта ва як нафар сокини Тоҷикистон аст.


REGTime

менависад, хадамоти махсус шахсияти ҷасадҳои се нафарро, ки бар асари инфиҷори автомашина дар Жуковка ҳалок шудаанд, муайян кардаанд ва ду нафари онҳо шаҳрванди Русия буда, як нафар шахрванди Тоҷикистон будааст.

Тибқи баъзе

маълумот

, дар ин автомашина 6 нафар ҳузур доштаанд ва шахсияти се ҷасад муайян гардида, миёни онҳо ду нафар русиягии исломро пазируфта ва як нафар тоҷикистонӣ будааст.

Таркишро даҳҳо нафар шунидаанд. Зимни азназаргузаронии мавзеи ҷангал автомашинаи мавриди инфиҷор қароргирифтаи Chevrolet ва Nissan-и пурра сӯхташуда ошкор гардидааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пораҳои ҷасади тахминан ду нафар дарёфт шуданд. Дар бордони Chevrolet се норинҷаки Ф-1, ду автомати осебдидаи АК-47 ва ҳамчунин даҳҳо тир барои онҳо дарёфт шуданд, – хабар додаанд сарчашмаҳо ба

намояндагони ВАО

.

Гуфта мешавад, эҳтимол таркиш ба иллати муносибати нодуруст бо таҷҳизоти тарканда рух дода бошад. Аз ҳалокшудагон ҳуҷчате пайдо нашуда, танҳо пораҳои ҷасадҳо боқӣ мондаанд, ки муайян кардани шахсияти фавтидагонро душвор месозад. Тибқи маълумоти дактилоскопӣ, ду нафар аз фавтидагон шаҳрвандони Русия ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Nissan-и сӯхташуда – эҳтимол Nissan Almera Classic-ро таксирони шом

бедаракшудаи

«Тройка» Алекссандр Крупеня идора мекардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Брянск ин ҳодисаро алҳол расман шарҳ надодаанд. Ҳодисаи мазкур мавриди баррасии сокинони ин минтақа дар

шабакаҳои иҷтимоӣ

аст.

spot_imgspot_img

Популярное