Ба хотири пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони бовариро ба кор даровард.
Сухангӯи Вазорат Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки бо ҳолатҳои ришваситонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти дигар дар соҳаи маориф дучор меоянд, имкон доранд, ки дарҳол ба телефони боварии Вазорат бо рақамҳои 227-76-86 занг зада, дар ин бора хабар диҳанд.
«Телефони боварӣ рӯзи 6 май фаъол шуда, аллакай то шом тариқи он беш аз 20 арзу шикояти марбут ба мушкилот дар соҳаи маориф, машваратпурсӣ оид ба ҷамъоварии ҳуҷчатҳо барои дохил шудан ба макитаби олӣ ва ғайра ворид шуд», – гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандон ҳамчунин тавассути газетаи соҳавии «Омӯзгор» ё сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми ҶТ
http://maorif.tj
низ метавонанд арзу шикоят ва пешниҳодҳои худро ба унвони Вазорат иросл намоянд.



