Даргузашти духтари хурдии Садриддин Айнӣ



Лутфия Айнӣ, духтари хурдии асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ рӯзи 7 май дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ (писари Камол Айнӣ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ имрӯз, 8 май соати 12 дар назди бинои Хонаи нависандагон баргузор мешавад.

Лутфия Айнӣ соли 1934 таваллуд шудааст. Ӯ тамоми умри бобаракати худ дар Донишкадаи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Яке аз коршиносони варзида дар бахши санъати муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Даҳҳо мақолаву корҳои илмӣ оид ба таърихи санъати тоҷик дар асри XX ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

spot_imgspot_img

Популярное