Қирғизистон ба ҳалли масъалаи содироти барқ аз Тоҷикистон умедвор аст

Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон ният дорад, ки дар ҷараёни марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо бо мақомоти энергетикии Тоҷикистон масъалаи марбут ба содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд. Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон , вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдибоев зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек дар ин робита изҳор […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон ният дорад, ки дар ҷараёни марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо бо мақомоти энергетикии Тоҷикистон масъалаи марбут ба содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.

Бино ба иттилои

ВАО-и Қирғизистон

, вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдибоев зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек дар ин робита изҳор намудааст, ки Қирғизистон ҳамаи самтҳои воридоти барқро баррасӣ дорад, аз ҷумла аз Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон.

«Бо Тоҷикистон марҳилаи якуми гуфтушунидҳо дар ин бора баргузор шуд, вале масъалаи арзиши нерӯи барқ ҳалли худро пайдо накард. Дар марҳилаи дуюм ният дорем, ки ин масъаларо ҳаллу фасл кунем», – гуфтааст вазири қирғиз.

Қобли зикр аст, ки

дар марҳилаи аввали гуфтушунидҳо

дар ин хусус Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи муайян кардани арзиши содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими тобистони соли равон ба мувофиқа нарасиданд.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи июни соли гузашта арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст. Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ дар ҷумҳурӣ 30,6 дирам (ҳудуди 5 сент) ва тарифи миёна дар кишвар беш аз 2,2 сент (барои 1 кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.