Даргузашти духтари хурдии Садриддин Айнӣ

Лутфия Айнӣ, духтари хурдии асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ рӯзи 7 май дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ (писари Камол Айнӣ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ имрӯз, 8 май соати 12 дар назди бинои Хонаи нависандагон баргузор […]

Мавзуна Абдуллоева



Лутфия Айнӣ, духтари хурдии асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ рӯзи 7 май дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ (писари Камол Айнӣ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ имрӯз, 8 май соати 12 дар назди бинои Хонаи нависандагон баргузор мешавад.

Лутфия Айнӣ соли 1934 таваллуд шудааст. Ӯ тамоми умри бобаракати худ дар Донишкадаи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Яке аз коршиносони варзида дар бахши санъати муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Даҳҳо мақолаву корҳои илмӣ оид ба таърихи санъати тоҷик дар асри XX ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.