Муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев дар зодгоҳаш

Муҷассамаи аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев  дар  мактаби деҳааш қомат афрохт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Конибодом, Неъмат Қарабоев аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар деҳаи Шаҳидқароянтоқи шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Гуфта мешавад, мактаби таҳислоти миёнаи умумии №16-и  ин деҳа аз  соли  […]

ASIA-Plus



Муҷассамаи аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев  дар  мактаби деҳааш қомат афрохт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Конибодом, Неъмат Қарабоев аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар деҳаи Шаҳидқароянтоқи шаҳри Конибодом таваллуд шудааст.

Гуфта мешавад, мактаби таҳислоти миёнаи умумии №16-и  ин деҳа аз  соли  1966 инҷониб  ба номи Неъмат Қарабоев гузошта шудааст ва инак  дар  арафаи 70-солагии  Иди Ғалаба ҳайкали  худи қаҳрамон  низ дар ин мактаб гузошта шудааст.

Сухангӯи раиси шаҳри Конибодом Шаҳригул Сиддиқова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба ба ин муносибат дар мактаби ба номи қаҳрамон бо иштироки аҳли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат ва толибилмони мактаб чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Ба гуфтаи Ш.Сиддиқова, ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ибтикори сокинони деҳаи Шаҳидқароянтоқ таҳти унвони «Писарони шуҷоатманди як деҳа» китобе ба нашр расидааст, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин деҳа инъикос ёфтааст.

«Дар вазъи тантанавӣ нусхаи аввалини ин китоб ба хешону наздикони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев тақдим гардид», – иброз дошт номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.