Пирӯзии журналисти «Азия-Плюс» дар озмуни сафорати Озарбойҷон

Ба хотири гиромидиошти хотираи президенти Озарбойҷон Гейдар Алиев дар сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон бо сафирони чанде аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ВАО ва собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов вохӯрӣ доир гардид. Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар бораи фаъолияти арзандаи Гейдар Алиев баҳри рушди Озарбойҷон маълумот дод ва суханро ба […]

Аъзам Аҳруллоев



Ба хотири гиромидиошти хотираи президенти Озарбойҷон Гейдар Алиев дар сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон бо сафирони чанде аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ВАО ва собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов вохӯрӣ доир гардид.

Аббосалӣ Гасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар бораи фаъолияти арзандаи Гейдар Алиев баҳри рушди Озарбойҷон маълумот дод ва суханро ба Қаҳҳор Маҳкамов дод, ки замони дар ҳаёт будани Гейдар Алиев бо ӯ мулоқоту суҳбатҳо доштааст.

Зимни суханронӣ Қаҳҳор Маҳкамов қайд кард, ки Гейдар Алиев дар як муддати кӯтоҳ барои мардуми Озарбойҷон хизматҳои хеле зиёди арзанда карда, ба туфайли он ин кишвар дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад.

Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон ибрози андеша намуд. «Мо бо Озарбойҷон робитаҳои таърихиву фарҳангии қавӣ дорем. Ҳангоме ки мо бо таърихи Озарбойҷон шинос мешавем, дарк мекунем, ки то чӣ андоза бо мардуми ин кишвар умумиятҳое дорем ва чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки гӯё таърихи халқи тоҷикро мутолиа дошта бошем», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрел сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Меъмори Озарбойҷони муосир – Гейдар Алиев» миёни журналистон озмун эълон карда, дар он 14 нафар рӯзноманигорони Тоҷикистон маводи дар ин мавзӯъ навиштаи худро пешниҳод намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун журналисти ҳафтавори «Азия-Плюс» Манижа Қурбонова ғолиб дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?