Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Ғалаба табрик кард

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маросим бо иштироки сарвари давлат, роҳбарият ва аъзои Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу ақибгоҳ […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маросим бо иштироки сарвари давлат, роҳбарият ва аъзои Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва намояндагони сершумори аҳли ҷамоати пойтахт ҷараён гирифт.

Ба Президенти Тоҷикистон, сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе ба маросими гулгузорӣ ва расми гузашти низомӣ гузориш дод.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Ҷанги дуюми ҷаҳониро аз ҷумлаи “фоҷиабортарин ҷангҳо” дар таърихи инсоният номида, ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми сулҳхоҳу ваҳдатсози кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор истодагарӣ карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик гуфт.

«Беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд», – қайд кард сарвари давлат

Таъкид гардид, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад, бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби кунунӣ, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо мекунад.

Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузошта шуд.

Дар гузашти низомӣ ба ин муносибат беш аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, ВКД, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, ҳамчунин воҳиди ҳарбии пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.