Гиромидошти собиқадорони ҷангу меҳнат дар Исфара

Дар шаҳри Исфра ба муносибати 70-умин солгарди ҷашни Ғалаба ба 22 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаҳои идонаи президенти мамлакат тақдим карда шуданд. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, муовини аввали вазири меҳнати ҷумҳурӣ Эмин Сангинзода ба ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ паёми табрикӣ ва кумакпулии якдафъаинаи сарвари давлат дар ҳаҷми 1500 сомониро […]

Баҳром Файзуллоев



Дар шаҳри Исфра ба муносибати 70-умин солгарди ҷашни Ғалаба ба 22 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаҳои идонаи президенти мамлакат тақдим карда шуданд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, муовини аввали вазири меҳнати ҷумҳурӣ Эмин Сангинзода ба ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ паёми табрикӣ ва кумакпулии якдафъаинаи сарвари давлат дар ҳаҷми 1500 сомониро ба ҳар кадоме аз онҳо супурд.

Ҳамчунин дар маросими ботантана намояндаи ҳукумати вилоят аз номи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба 22 нафар собиқадорони ҷанг ва 1 нафар ҳамсари ҷанговари ҳалокшуда 1000 сомонигӣ ва ба 43 нафар собиқадорони меҳнат дар ақибгоҳи ҷанг 800 сомонигӣ маблағӣ пулӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳизода қаҳрамониву шуҷоати собиқадорони ҷангу меҳнат дар лаҳзаҳои душвори кишварро таъкид дошта, онҳоро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфт ва ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҷанг 500 сомонӣ ва коргарони ақибгоҳ 200 сомонӣ маблағи пулӣ супурд. Ба собиқадорон ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуданд.

Ба гуфтаи И.Тешаев, ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Ғалаба ба 39 оилаи эҳтиёҷманди шаҳр низ дар ҳаҷми 200 сомонигӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.