Марзбонони тоҷик «Пойгаи Ғалаба»-ро қабул карданд

Рӯзи 7 май дар гузаргоҳи марзии «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ маросими аз сарҳадбонони қирғиз ба марзбонони тоҷик супурдани рамзи «Пойгаи Ғалаба» доир гардид. Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин маросим дар макони дастаи марзбонии Мурғоб консерти ансамбли суруду рақси Сарраёсати […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 7 май дар гузаргоҳи марзии «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ маросими аз сарҳадбонони қирғиз ба марзбонони тоҷик супурдани рамзи «Пойгаи Ғалаба» доир гардид.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин маросим дар макони дастаи марзбонии Мурғоб консерти ансамбли суруду рақси Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ташкил шуда, субҳи имрӯз рамзи «Пойгаи Ғалаба» ба Хоруғ расонида мешавад ва ба ин муносибат дар шаҳр чорабиниҳои оммавӣ баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, сипас рамзи «Пойгаи Ғалаба» ба марзбонони ӯзбек супурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки рамзи «Пойгаи Ғалаба» дар марзҳои кишварҳои узви ИДМ ва ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.

Соли равон пойга (эстафета) санаи 2 феврали соли 2015 якбора аз ду самт – дар шаҳрҳои Брест (беларус) ва Мурманск (Русия) оғоз гардида, рӯзи 28 май дар шаҳри Маскав ба итмом мерасад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.