Пойтахти Тоҷикистон «Пойгаи Ғалаба»-ро қабул кард

Маросими вохӯрӣ ва қабули аксияи «Пойгаи Ғалаба» рӯзи 10 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт назди пояи ёдгории Гулхани абадӣ доир гардид. Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов, сафирони Русия ва Беларус дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Олга […]

Аваз Юлдошев



Маросими вохӯрӣ ва қабули аксияи «Пойгаи Ғалаба» рӯзи 10 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт назди пояи ёдгории Гулхани абадӣ доир гардид.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов, сафирони Русия ва Беларус дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Олга Гаврук, собиқадорони ҷангу меҳнат ва марзбонони тоҷику рус ширкат варзиданд.

«Тибқи анъанаи роиҷ муште аз хоки сарзамини тоҷикон ба қуттӣ (гилза) гузошта шуда, сипас он барои абадӣ гардонидани хотираи шуҷоату қаҳрамонии мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 40-уми асри гузашта ба Маскав расонида мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид гардид, ки иштирокдорони маросим ба пояи Гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузошта, аксия бо гузашти тантанавии марзбонони тоҷик хотима ёфт.

Маросими вохӯрӣ ва қабули аксияи «Пойгаи Ғалаба» имрӯз дар шахри Хуҷанд доир гардида, пагоҳ марзбонони тоҷик пойгаро ба марзбонони ӯзбек месупоранд.

Қобили зикр аст, ки рамзи «Пойгаи Ғалаба» дар марзҳои кишварҳои узви ИДМ ва ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.

Соли равон пойга (эстафета) санаи 2 феврали соли 2015 якбора аз ду самт – дар шаҳрҳои Брест (беларус) ва Мурманск (Русия) оғоз гардида, рӯзи 28 май дар шаҳри Маскав ба итмом мерасад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.