Русия қоидаҳои аз кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард



Мақомоти сарҳади Хадамоти федералии амнияти Русия қоидаҳои аз ҳудуди кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи қоидаҳои пешин агар ноболиғ бо яке аз волидон нияти ба хориҷа сафар кардан медошт, аз падар ё модаре, ки ӯро ҳамроҳӣ намекард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигӣ талаб карда мешуд, акнун агар кӯдак ба хориҷи кишвар ҳамроҳи яке аз волидон, мураббӣ, доя, муаллимаш ё тарбиятгараш баромаданӣ бошад, аз волидон ҳуҷҷат талаб карда намешавад, хабар додааст нашрияи «Российская газета»

Ба иттилои манбаъ, навигарии дигар ин аст, ки агар забонхат барои ба хориҷа сафар кардани ноболиғ ба номи мураббӣ ё ягон нафари дигар барои сафар ба кишварҳое ки дар рӯйхати алоҳида оварда шудааст, навишта шуда бошад, ин ҳуҷҷат то синни болиғ расидани кӯдак моҳияти худро гум намекунад.

Зимнан зикр гардид, ки меъёри бидуни тағйир боқимонда ин аст, ки агар яке аз волидон аз баровардани фарзанд ба хориҷа ба хадамоти муҳоҷирати Россия (ХМР) муроҷиат намуда, манъи баровардани фарзанд шуда бошад, дар ин сурат фамилияи ноболиғ ба рӯйхати шахсони баромаданашон аз кишвар манъ ворид карда шуда, ҳуқуқи баромадани ноболиғ маҳдуд карда мешавад.

«Дар сурати рух додани ҳолатҳои дигари баҳснок, мақомоти қудратӣ ҳалли қазияро бо муроҷиат намудан ба суд дастур додаанд», – навиштааст нашрияи «Российская газета».

spot_imgspot_img

Популярное