Таҷлили ҷашни Ғалаба дар шаҳри Брюссел



Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғория, Ветнам, ИМА, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Лаҳистон, Македония, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Сербия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Хитой ва Чехия дар маросими ёдбуди аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон баҳри озод намудани Шоҳигарии Белгия аз фашизм ҷоннисорӣ намудаанд, иштирок кард.


Тавре аз сафоратхонаи ҶТ дар Брюссел хабар доданд, намояндагони баландпояи кишварҳои номбурда дар зери пайкараи аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар қабристони коммунаи Эвери шаҳри Брюссел воқеъ аст, гулчанбарҳо гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Брюссел, дар таърихи 6 майи соли 2015 дар Маркази русии илм ва фарҳанг, филми бадеии “Тоҷикфилм” аз соли 1978 таҳти “Женщина из далека” ва аксҳои марбута ба намоиш гузошта шуданд. 

spot_imgspot_img

Популярное