Воҳидҳои низомии СААД бо техникаи зиреҳпӯш ба Тоҷикистон меоянд



Ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ гуна тамринҳои низомии Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гузаронида намешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар доираи санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии воҳидҳои ин сохтори СААД, ки рӯзи 12 май эълон шуд, гурӯҳҳои маҳдуди зудамали кишварҳои узви СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Тоҷикистон меоянд.

«Ҳадафи вуруди ин нерӯҳои СААД ба Тоҷикистон муайян кардани вақти аз кишварҳои худ ба Тоҷикистон омадани онҳо ва ҳамчунин омӯзиши маҳал аст», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, бо қарори Шӯрои амнияти СААД рӯзи 12 май тафтиши ногаҳонии нерӯҳои кишварҳои узв оғоз ёфт, ки бо размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Гуфта мешавад, барои ширкат дар ин тамринҳо гурӯҳҳои 100-нафарии нерӯҳои Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳавопаймо ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳо ҳамроҳ бо худ то 20 адад аз техникаи ҳарбиро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод. 

spot_imgspot_img

Популярное