Ҷашнвора – озмуни IV ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» аз 16-ум то 20-уми майи соли равон дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский доир гашта, ҳамарӯза ду намоиш соатҳои 10-и субҳ ва 18-и шом дар назар аст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кушодашавии ҷашнвораи мазкур рӯзи 16-ум доир гашта, дар он 7 гурӯҳ иштирок мекунад, ки як гурӯҳи он ғайриозмунӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ҷоизаҳо барои беҳтарин нақши лаҳзавӣ, коргардони беҳтарину намоиши беҳтарин то Шоҳҷоиза пешбинӣ шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки сарпарастони имсолаи ҷашнвора – озмун Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ширкатҳои ватании «Баҳманруд», «Рухом» ва «Мария» мебошанд.
Ҳамкорӣ бо лоиҳаро Вазорати фарҳанг ва телевизиони «Сафина», ҳамчунин дастгирии иттилоотиро радиоҳои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва рӯзномаҳои ватанӣ ба уҳда гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки нахустин ҷашнвора – озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» соли 2012 дар Душанбе баргузор шуда буд.



