Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар изҳороти расмӣ тариқи видео ҳодисаи қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишварро шарҳ дода, амали гӯё аз ҷониби тоссарҳо (скинхедҳо)-и рус сарбурии муҳоҷири тоҷик Комилҷон Ҳамдамовро рад намуд.
Ӯ қайд мекунад, ки сафоратхона рӯзи 7 май аз марги ин муҳоҷир огаҳӣ ёфта, вале «чун ин рӯзҳои истироҳат буданд, аз ин рӯ, дипломатҳо аз шарҳу тавзеҳҳо худдорӣ варзидаанд».
Эгамзод зикр мекунад, ки аз рӯи ин далел рӯзи 7 май парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони сафорат бо сармуфаттиши Кумитаи тафтишоти ФР дар вилояти Маскав Ивашкин вохӯрдаанд ва ӯ ба онҳо далелҳои муътамадро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла ӯ хабар додааст, ки куштор шаби 3 ба 4 май дар вилояти Маскав содир шудааст.
Ошкор гардидааст, ки дар ин куштор омили миллатгаройӣ ҷой надошта, тоссарҳо (скинхедҳо) низ ба он даст надоранд. Ҳамчунин маълумоти сарбурии Ҳамдамов низ асоси воқеъӣ надорад. Дар асл бошад, куштор ҳангоми майнӯшӣ сари дастурхон сурат гирифта, дӯсти сархуш аз машруботи Ҳамдамов нахуст бо мурваттобак (отвёртка) ба гардани ӯ зарба зада, сипас бо корд ҳам ӯро захмӣ мекунад.
«Қазияи мазкур таҳти назорати сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов қарор дошта, мо аз ҷониби Русия тақозо мекунем, ки гунаҳкор назди қонун ҷавоб гӯяд», – афзуд Эгамзод.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори видеоие гузошта шуд, ки дар он бародари кушташуда ва ҳамдиёрони ӯ тасдиқ мекунанд, ки куштори К.Ҳамдамов дар замини миллатароӣ сурат гирифтааст.



